Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: ПАЁМ РОҲНАМОИ МО

Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии таблиғотии ҳизбиёни шаҳри Панҷакент дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ” Ободонӣ ” доир гардид. Дар оғоз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Ҳамзира Замонова баромад намуда, роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паём ва масъалаҳои рӯз, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, рушд ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, рушди тафаккури инсонӣ, аҳамияти ҷиддӣ додан ба тарбияти фарзандон, омӯхтани фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, дастгирии қишри эҳтиёҷманди ҷомеа, аҳамияти саҳмгузории миллӣ дар рушди минбаъдаи давлатдорӣ ва ҳифзи ҳамешагии амну оромии кишвар ибрози андеша кард. Дар идома мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Тоҷиева Мавлуда оид ба нуктаҳои меҳварии Паём, таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва дӯст доштани ҳар порча хоки ватани аҷдодиямон Тоҷикистони азиз иброз намуд. Раиси Шӯрои собиқақадорони Кумитаи иҷроия Холова Ҳамида доир ба нақши ҳизбиён дар амалӣ намудани ҳадафи асосии ҳукумат ва давлат андеша ронд. Ҳизбиёни шаҳр Паёми Пешвои миллатро дастурамали кории худ намуда, баҳри шарҳу тавзеҳи он ҳамарӯза дар байни мардум корҳои тарғиботиву ташвиқоти ба роҳ мондаанд. Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *