Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

Имрӯзҳо таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа боз ба Қасри Арбоб нигаронида шудааст. Қасре, ки сӣ сол қабл  ба эҳёи давлатдории навини тоҷикон  заминаи боэътимод гузошт, зимоми давлатро ба дасти ҷавонмарде ниҳод, ки тавонмандии ба соҳили мурод расонидани ин сафинаро дар амвоҷи пурталотуми вақт доро буд.

            Он замон, ки ҳанӯз иҷлосияи таърихии 16-и Шӯрои Олӣ идома дошт, садоҳое ба гӯш мерасид, ки умри Ҳукумати нав  ду-се моҳ аст. Ба рағми ин овозаю бадгӯиҳо   сарвари нави давлат эълон доштанд, ки ба мардум сулҳ меоранд, гурезагонро ба Ватан бозмегардонанд, иқтисоди фалаҷгаштаро ба по рост мекунанд. На ҳама бовар мекард ба ин суханон.

Дар айёме, ки дар кишвар ҷанги бародаркуш идома дошт, ҳазорон нафар рӯ ба гурез ниҳода буданд, камондорон дар минтақаҳо ҳукмравоӣ мекарданд, ин суханон ба дарди мардум чун марҳаму нӯшдорӯ буд. Ҳама инро мехостанд.

             Ва инак, аз он рӯзҳо сӣ сол сипарӣ мешавад. Бо талошу ҷаҳд, азхудгузариҳою ҷоннисориҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо шоҳиди ҷомаи амал пӯшидани ин ниятҳо, ки он замон чун орзу ба гӯш мерасид, ҳастем.

             Ин ҷо мехоҳам аз сафарҳои кории Пешвои миллат ба Панҷакент ёд биёварам. Хушбахтона, онҳоро ман хуб дар ёд дорам. Дар ин сафарҳо мардум мехостанд ба ин чеҳраи ошно аз наздик нигаранд, ба суханонашон гӯш диҳанд.   Ёд дорам, ки садҳо нафар  ба мавзеи Ёвони ноҳияи Айнӣ ба Пешвозу мулоқот бо Пешвои миллат мерафтем. Зани миёнсоле аз деҳаи Рукнобод бо мо ҳамроҳ шуд. Суол кардам, ки шумо куҷо равонаед?  Аз ин саволи ман ранҷид ва гуфт, ки хабаратон ҳаст, шоҳамон меоянд, як назар аз дур ҳам бошад бубинам.  Зимнан, он рӯз Пешвои миллат ба таҷдиди роҳи Айнӣ- Панҷакент оғоз бахшиданд.

              Вақте бо дастури Пешво дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразм барои зиёндидагони офати табиӣ аз Ҷамоати деҳоти Шинг бо ҷалби ҳама шаҳру навоҳии вилоят шаҳраки нав бунёд шуд, нахустин бошандагони онро ба хонаҳои нав Пешвои миллат раҳнамун карданд. Дар айёме, ки  вазъи сиёсию иқтисодӣ  ҳанӯз мураккаб буд, Сарвари давлат ба таъмиру таҷдиди  оромгоҳи устод Рӯдакӣ дастур доданд, маҳз бо дастгирии  Пешвои миллат атрофи ёдгории беназири Саразм панҷарабандӣ ва панҷ мавзеи ҳафриёт болопӯш ва ниҳоят он ба  феҳристи ёдгориҳои башарии ЮНЕСКО  шомил гардид ва  5500- солагиаш дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда шуд. 

             Ёд дорам, ки дар рӯзҳои боздидҳояшон ҳазорон нафар бо амри дил ба кӯчаҳо мебаромаданд, то як назар  Пешвои миллатро бубинанд.

             Барҳақ,  Пешвои миллати мо Президенти мардумӣ ҳастанд ва Рӯзи Президент ба ҳар яки мо хуҷаста бод!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *