Дастгирии дармондагон, хайру эҳсон ба эҳтиёҷмандон, меҳрубонию шафқат ба беморону дардмандон аз умдатарин фазилатҳои моҳи шарифи рамазон аст, ки мардуми мо асрҳо боз ба он риояву пайравӣ мекунанд.
Дар ин радиф кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тасмим гирифтанд, ки фитри рӯзаи моҳи рамазонашонро ҷамъ намуда, барои хайру эҳсон масраф намоянд. Бо ҳамин ният раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ҳамроҳи кормандони Кумитаи иҷроия ба аёдати сокини шаҳр Зулайхо Мансурова рафтанд, ӯро бо иди саиди фитр, ки пас аз се рӯз фаро мерасад, табрик гуфта, ба ӯ як миқдор маводи хурока тақдим намуданд ва дуои хайрашро гирифтанд.