Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Санги асос барои бинои нави Кумитаи иҷроия

Субҳи рӯзи 25 октябр раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид аз шаҳри Панҷакент ба бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент санги асос гузошт. Дар ин маросим, ки бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Зуфар Исмоилзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорон ва аъзоёни ҷавони ҳизб, фаъолони ТҶҶ “Созандагонии Ватан” баргузор шуд, раиси вилоят сухан гуфта, таъкид намуд, ки дар мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент бо дастури Пешвои муаззами миллат ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон корҳои зиёди ободонӣ ба иҷро расиданд ва ин корҳо минбаъд низ идома меёбанд ва оғози бунёди бинои нави маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Ба таъкиди раиси вилоят бинои мазкур то ҷашни Наврӯзи соли оянда мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Зимнан , бинои нав, ки дар кӯчаи Навободи шаҳри Панҷакент бунёд мешавад, дар се қабат тарҳрезӣ шуда, дорои утоқҳои корӣ, толори барҳаво ва дигар иншооти ёрирасон , саҳни васеъ бо роҳраву майдончаҳои сабзу гулпӯш иборат буда, симои ин гӯшаи шаҳри бостониро зебо ва ороста хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *