Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Саноатчиён як соли фаъолияти ҳизбро ҷамъбаст намуданд.

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии КМ «Зарафшон», ки яке аз корхонаҳои азими саноатии кишвар ба ҳисоб меравад, маҷлиси солона баргузор гардид.

Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Юсупов Шералӣ бо маърӯза баромад намуда, аз дастовардҳои соҳаи саноати корхона сухан ронд. Ӯ зикр намуд, ки саҳми аъзоёни ҲХДТ, ки дар корхона 1356 нафарро ташкил медиҳанд, дар иҷрои босифати нақшаҳои истеҳсолӣ хело калон аст.

Аъзоёни ҳизб дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва ҳизбӣ иштироки фаъол доранд. Бо дастгирии роҳбарияти корхона ҳуҷраи ҳизбӣ ба ҷойи муносибу мувофиқ кӯчонида шуда хеле муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Ҳизбиён ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо тӯҳфаҳои хуби меҳнатӣ истиқбол намуданд.

Боиси таъкид аст, ки ҳизбиёни корхона дар маъракаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат ва нақшаи пешниҳодгардидаро саривақт иҷро намуданд. Дар давоми сол сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби пешқадамони истеҳсолот афзоиш ёфт.

Дар идомаи маҷлис нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва Хонишҳои сиёсӣ барои нимсолаи аввали соли 2022 тасдиқ гардид.

Мурод Шукурзода раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлис иштирок ва ба фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ баҳои арзанда дод. Ӯ дар идомаи суханаш мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар ёдрас намуда таъкид дошт, ки солҳои 2022-2026 беҳуда солҳои рушди саноат эълон на гардидааст, зеро саҳми саноатчиёни кишвар, дар рушди иқтисоди кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум хело калон аст.

Дар маҷлис аъзои ҳизб Муҳаммадиев Туйчибой андешаронӣ намуда, хоҳиш кард, ки гузориши ӯ аз фаъолияти ҳизбиёни корхона дар рӯзномаҳои ҳизбӣ дастгирӣ ва чоп карда шаванд.

Дар хотима аз рӯи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардида, як гурӯҳ фаъолон бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *