Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: СУХАН АЗ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН ВА ФАРЗАНДОН

  Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Панҷакент санаи 01.12.2022 дар МТМУ№32-и  ҷ/д Амондараи деҳаи Амондара ва МТМУ№19- и ҷ/д Амондараи деҳаи Майката бо иштироки  раиси Шӯрои собиқадори ҲХДТ дар шаҳр Панҷаент Холова Ҳамида,  роҳбари дафтари матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Шириншоҳ Нуруллоев ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Қобилҷон Ҷалолов  дар ҳузури  хонандагони синфҳои 9-10- 11  мулоқоту сӯҳбатҳо  оид ба иҷрои муқаррароти Қонун “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ,  30- солагии Иҷлосияи тақдирсоз, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба донишандӯзӣ ва тарбия мулоқот  баргузор гардид.

            Дар мулоқот  Холова Ҳамида ба сухан баромада, бахшида ба  30-солагии Иҷлосия сухан намуда,  таълиму тарбия насли наврасро дар руҳияи хештаншиносӣ вазифаи асосии падару модар номида, алоқамандии волидонро бо мактаб ва саҳми онҳоро дар корҳои ободони дуруст арзёби намуд.

   Сипас роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроия Шириншоҳ Нуруллоев суханро аз  шукргузории фазои орому осуда оғоз намуда, оид ба авзои сиёсии ҷаҳони имрӯза ибрози назар кард. Дар сӯҳбати озод бо хонандагон оид ба дарси хештаншиносӣ, меҳри Ватан ва рисолати давлатдории Пешвои миллат саволу ҷавоб кард.

               Қобилҷон Ҷалолов дар рафти сӯҳбат доир ба  касбу ҳунаромӯзии ҷавонон, алалхусус духтарон андеша ронда нақши ҷавононро дар раванди давлатдории навини тоҷикон дуруст арзёби намуд.

        Дар охир чанда аз хонандагон дар мавзӯҳои Ватан-Модар, Парчам, Иҷлосия, Пешво шеъру таронаҳо қироат намуда, ҷонибдориашонро аз сиёсати  Пешвои миллат ва Барномаи ҲХДТ изҳор намуданд.

     Мулоқот хело хотирмон гузашт.

   Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

   дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *