Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Сухан аз нақши иҷлосияи таърихӣ

          Тибқи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ ин навбат  дар маҷлиси муштараки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Осорхона”-и муассисаи давлатии осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва  Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент мавзӯи  “Нақши иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол”  матраҳ гардид.

          Мудири шуъбаи тарғибот ва иттилооти Кумитаи иҷфроияи ҲЗДТ дар шаҳри Панҷакент Улуғбек Ҳусейнов ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” Маҳпора Ғаниева ба ҳамсафон дар бораи ҷойгоҳи ин иҷлосияи таърихӣ, ки имсол 30-юмин солгарди баргузориаш таҷлил мешавад, дар барқарор намудани низоми давлатдорӣ, сулҳу субот дар ҷомеа, саҳми мондагори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ва таҳкими Истиқлоли кишвар сухан карданд.

          Дар  машварат дигар иштирокчиён низ оид ба ин мавзӯъ ибрози назар намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *