Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Сӯҳбат бо ҳизбиён

                       

          Дар сӯҳбате, ки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии Беморхонаи минтақавии Саразм доир намуданд, сухан аз нақши онҳо дар пешгирии гароиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ рафт.

          Мудири шубаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Мавлуда Тоҷиева ва раиси Шурои собиқадорони ҳизб Ҳамида Холова онҳоро бо вазъи сиёсии муташанниҷи ҷаҳон ва минтақа шинос намуда,  таъкид намуданд, ки тарбияи хуби хонаводагӣ ва таҳсили шоиста дар муассисаҳои таълимӣ омили пешгирии гароиш ба чунин ақидаҳо аст ва дар ин кор ва тарғиби сиёсати давлат дар байни ҷомеа ҳизбиён бояд фаъол бошанд.

          Иштирокчиёни ҷамъомад  доир ба ин мавзӯъ фикру мулоҳизаҳояшонро баён дошта, баргузории чунин сӯҳбату мулоқотро муфид арзёбӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *