Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст

                           

         Бо ташаббуси шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва  яке аз фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан”  Шаҳром Юлдошев дар МТМУ № 1-и шаҳр бо иштироки хонандагони зинаи аввал ва омӯзгорон бахшида ба ҷашни Наврӯз  таҳти ҳамин ном маҳфили хотирмоне доир шуд.

          Дар маҳфил Шаҳром, ки дар ин муассисаи таълимӣ омӯзгори коромӯз аст, ба шогирдонаш дар бораи таърих ва оинҳои наврӯзӣ, тарзи таҳияи таому хуришҳои идона, маънии “ҳафт син”-у  “ҳафт шин”, таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузургдошт ва эҳёи анъанаҳои миллӣ бо лаҳни  соддаю барои онҳо фаҳмо сӯҳбат кард. Хонандагон дар бораи Наврӯз шеър қироат намуданду саҳначаҳо намоиш доданд.

          Табрикоти мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Қобил Ҷалоловро низ  хонандагон бо қафкӯбӣ истиқбол намуданд.

          Маъмурияти таълимгоҳ  ба иштирокчиёни фаъоли маҳфили наврӯзӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

          Кумитаи иҷроия чунин маҳфилҳои наврӯзиро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, дигар мкассисаҳои таълимӣ низ мутобиқи нақша баргузор менамояд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *