Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ТОҶИКИСТОН ПАРЧАМАТРО ПАРФИШОН БИНАМ

Ҳар давлати озоду мустақил муқаддасоти олии худро дорад.

Тоҷикистони азизи мо низ яке аз давлатҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонист, ки дорои муқаддасоти миллии худ мебошад.

Эй парчами умед, то парфишон туйӣ,
Дар осмони бахт рангинамон туйӣ.
Сурхии ту, яқин сурхии рӯ бувад,
Рӯ сурхии абад з-ин обрӯ бувад.

              Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни баланди ғоявӣ дошта, сулҳ, осоиштагӣ, меҳнат, бародарӣ, озодии халқҳо, баробарҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрии онҳоро талқин мекунанд. Онҳо рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошанд.

               Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ба ҷо оварда мешавад. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон дар низомномаҳои дахлдор, ки онҳоро Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, инъикос ёфта буданд. Баъдан, 12 майи соли 2007 Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллиро муқаррар мекунад. Яъне пештар низомномаҳои марбут ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатиро дар алоҳидигӣ муайян мекарданд, вале қонуни мазкур мақоми ҳар се рамзҳои асосии давлатии   Тоҷикистонро дар якҷоягӣ муқаррар мекунад.

             Парчам, Нишон ва матну оханги Суруди миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

               Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон матои росткунчаест, ки дар рӯи он се рахи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Эй парчами умед, эй сабз чун чаман,
Аз ранги сабзи туст сарсабзи Ватан.
Аз файзи сояат сарсабзтар шавем,
Чун боғҳои мулк пур аз самар шавем.

               Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалии Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

               Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути Парчами он муаррифӣ мегардад.

              Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъию нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Ранги сафеди ту бахти сафеди мост,
Роҳи сафеди мо, рамзи умеди мост.
Мо бо ту меравем то қуллаи мурод,
Моро чу раҳнамо ҳафт ахтари ту бод!

                 Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориёнтаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх- озодиву истиқлол, ранги сафед- сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллии давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

                     Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои таърихи миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард.

                     Бояд ёдовар шуд, парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ махсус мешавад, ки дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии ҶТ қабул гардида буд. Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобиту дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

                 Ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқу сарбаланди тоҷикистонро зарураст, ки аз  Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллии озод ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буд, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад. 

Эй парчами умед, эй ном, эй нишон,
Дар осмони бахт кардат кӣ парфишон?!
Бигзор номи ӯ монад дар ин ҷаҳон,
Мисли ту раҳнамо, мисли ту ҷовидон!

Шириншоҳ Нуруллоев -Роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *