Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: ТОҶИКОН”- ҚОМУСИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Тавре ҳамагон огоҳ ҳастанд, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба ҳар оила китоби аллома Бобоҷон Ғафуров- “Тоҷикон” ,тақдим карда мешавад. Дар ин замина Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ маҳфил – озмуни “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”-ро роҳандозӣ намуд, ки он дар байни донишҷӯёни донишкадаю коллеҷҳо, хонандагони синфҳои болоӣ дар чор давр баргузор мешавад.Даври аввали ин маҳфил озмун дар байни донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо иштироки устодон , кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд. Ҳайати ҳакамони озмун ба ҷавобҳои донишҷӯён дар бораи мазмуну мӯҳтавои ин шоҳасари таърихӣ баҳои сазовор дода, ба беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат доданд. Даври аввали маҳфил -озмун тибқи нақша ва низомномаи озмун дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ баргузор мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *