Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Хушунат – сабаби пошхӯрии оилаҳо

Ин мавзӯъ дар ҷамъомаде, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар доираи аксияи ташкилоти вилоятии ҳизб “16 рӯзи пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила” баргузор намуд, баррасӣ шуд. Ҷамъомадро, ки бо иштироки доираи васеъи фаъолзанони ҳизб дар Кохи фарҳанги шаҳр доир шуд, муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева ифтитоҳ намуда, ҳадафҳои баргузории аксияи номбурдаро ба ҳозирин шарҳ дод. Мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ҳамзира Замонова, нозири ШВКД оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила Муҳайё Бобокалонова, сархатиби масҷиди ҷомеъи марказии шаҳр Муҳаммадамин Ғаффоров, ҳуқуқшиноси Маркази ёрии ҳуқуқии шаҳр Дилфуза Эсоева, мудирони шӯъбаҳои Кумитаи иҷроия Мавлуда Тоҷиева ва Бурсибой Лутфуллоев мафҳуми зӯроварӣ ва хушунат дар оиларо тибқи муқаррароти Қонун “ Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва аҳкоми шариат шарҳ дода, роҳҳои пешгирии ин падидаро, ки аксаран боиси вайрон шудани оилаҳо ва дар бисёр маврид сабаби маҳдуд шудани ҳуқуқи бонувон мегардад, шарҳ дода, яке аз омилҳои асосии онро ба сатҳи таҳсилот ва маърифати ҳуқуқии аҳли оила, хоса бонувон, марбут донистанд. Аз фаъолони ҳизб даъват шуд, ки нисбати ин падида бетараф набошанд, дар ҳамкорӣ бо шӯроҳои бонувон, шахсони барӯманд дар маҳалҳо барои коҳиш додани он, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳимояи манофеъ ва ҳуқуқҳо занон талош варзанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *