Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМОНА

 Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ таваҷҷӯҳи хоса бояд, намуд. Дар асоси супориши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд субҳи имрӯз дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳру деҳоти Панҷакент шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Дар шанбегӣ аъзо, пайравони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок карда, атроф ва замини назди ташкилотҳои ибтидоӣ ва кӯчаҳои шаҳрро аз ҳар гуна гулу буттаҳои худрӯй ва бегона тоза намудаанд. Масъулин мақсади чунин ҳашарҳои умумиро барои ободии кишвар ва тоза нигоҳ доштани атроф ва муҳити зист муҳим арзёбӣ карда, иброз медоранд, ки ин метавонад дар тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон нақши муҳим гузорад ва баҳри сазовор истиқбол намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *