Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Ҳизбиён ба боздиди сарбозон рафтанд

                              

             Бо дастури Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб  ва нақшаи корӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузории  маҷмӯи чорабиниҳоро пешбинӣ намудааст. Дар ин замина имрӯз дар қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳри Панҷакент  маҳфили сиёсӣ – фарҳангӣ бо иштироки кормандони ташкилоти ҳизбии шаҳр, бонувони фаъол ва санъаткорон баргузор шуд.

            Ин боздиди оддӣ набуд. Бо шеър, бо мусиқӣ, суруд, бо арҷгузорӣ  ба далерию ҷасорати ҳимоятгарони ин марзу буми муқаддас буд.  Муҳимтар аз ин  мулоқоту сӯҳбатҳо самимӣ, бо иштироки фаъолонаи сарбозону афсарон баргузор шуданд.

             Мулоқотҳо бо сухани ифтитоҳии қумандонҳои қисмҳои ҳарбӣ оғоз шуда, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода аз нақшу ҷойгоҳи неруҳои мусаллаҳ дар ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, сулҳу субот дар ҷомеа, марзу буми кишвар, таваҷҷӯҳу  ҳамкории пайвастаи ташкилоти шаҳрии ҳизб бо қисмҳои ҳарбӣ, вазъи нобасомони сиёсии минтақа ва ҷаҳон, сухан карда, афсарону сарбозонро бо  Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат табрик гуфт.

             Дар қисмати фарҳангии мулоқотҳо нависанда, раиси бахши шаҳрии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Давлатшоҳи Тоҳирӣ, шоир, узви Иттифоқи нависандагон  Саид Юнусиён,  шоири ҷавон Шириншои Нурулло,  ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳоҳару бародар, муҳассилини МТМУ № 36 Рухшона ва Рӯдакӣ Норзода  барои афсарону аскарон бахшида ба Ватан, Тоҷикистон, ҷасорату мардонагии ҳомиёни он ҳикояҳо гуфтаву шеър қироат намуданд.   Ба эҳтироми ин ду хонандаи шеърдӯсту шеърдон қумандонии қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат ба онҳо либосҳои ҳарбӣ тӯҳфа намуд.

            Ба намояндагӣ аз бонувони фаъоли ҳизб Хосият Каримова , раиси Шӯрои собиқадорони  Кумитаи  иҷроияи шаҳрии  ҳизб Ҳамида Холова ва раиси Шӯрои  ҷанговарони байналмилал  Алибой Баротов сухан карда, афсарону сарбозонро бо идашон шодбош гуфтанд.

            Лаҳзаи хотирмони мулоқотҳо рақси  ҷаззоби сарбозону бонувон зери ҳавои суруд ва мусиқии санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр буд, ки ҳозиринро ба ваҷд овард.

             Дар анҷоми ин мулоқотҳо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Мурод Шукурзода ба сарбозони қисмҳои ҳарбӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ширинивориҳои омоданамудаи фаъолзанони ҳизбро тақдим намуд.

             Зимнан , дар доираи омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ташкилоти ҳизбии шаҳр бо ҷавонони даъватшаванда ва фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан”  ҷамъомад доир карда, аз волидони сарбозоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ фавтидаанд боздид намуд ва ҳоло дар ҳамкорӣ бо қумандонии қисмҳои ҳарбӣ барои ташкили рӯзҳои дарҳои боз барои боздиди даъватшавандаҳо аз қисмҳои ҳарбӣ омодагӣ мебинад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *