Тибқи дастури Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо даъвати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент даҳҳо нафар ҳизбиён ба ҳашари тозакорию сабзкорӣ баромаданд.
Бо меҳнати дастҷамъонаи онҳо дар ин рӯз, ки нури офтоб аз омад- омади баҳор дарак медиҳад, роҳу кӯчаҳо озодаю пероста, ҷӯйҳо тоза карда, кишоварзон барои кишту корӣ баҳорӣ омодагӣ мебинанд.
Аз ҷумла, ихтиёриёни ТҶҶ “ Созандагони Ватан” бо роҳнамоии кормандони масъули Кумитати иҷроия дар ду оромгоҳи шаҳр- “Таги камар” ва “Сарманзил” ҳам манзили охирати гузаштагонро зиёрат намуданд ва ҳам гирду атроф, роҳравҳои онҳоро рӯфтанду тоза карданд. Дар ин кор ҳизбиён ва ихтиёриёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Ворисони Сино”, бо роҳбарии муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Парвина Бобохонова саҳми сазовор гузоштанд
Баъди анҷоми дарсҳо хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорону донишҷӯён низ ба ҳашарчиён мепайванданд ва дар тозаю озода намудани маҳали зист, кӯчаю ҷӯйбор, гулгашту майдонҳо саҳм мегузоранд
Дар омад- омади Наврӯзи ҷаҳонӣ чун анъана ҳамин гуна ҳашарҳои ободонӣ, ҳар ҳафта сурат мегирад ва ҳизбиён дар он фаъолона ширкат меварзанд.