Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Ҳизбиён устодону толибилмонро шодбош гуфтанд

Имрӯз дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Панҷакент чорабинии Рӯзи дониш дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин чорабиниҳо дар қатори намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳр роҳбарияти Кумитаи иҷроия, мудирони шуъбаҳо ба муассисаҳои таълимӣ ташриф оварда, устодону толибилмонро бо оғози соли таҳсил ва Рӯзи Дониш табрик намуданд.

Дар сӯҳбат оид ба сифати донишомӯзӣ, маърифатандӯзӣ, забондонӣ, хулқу одоби ҳамида ва вазъи сиёсии имрӯзаи ҷаҳон, пешгирии падидаҳои номатлуб сухан ронданд.

Дар Рӯзи дониш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар ҷамъомадҳои тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи дониш”, ки дар муассисаи МТМУ №32-и деҳаи Амондараи ҷамоати деҳоти Амондара, муовини раиси Кумитаи иҷроия Ҳамзира Замонова дар МТМУ №30-и шаҳри Панҷакент, мудири шӯъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия Муродзода Мастона дар МТМУ №105-и деҳаи Ҳавзаки болои Ҷамоати деҳоти Саразм иштирок намуда, табрикоти раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқро ба муносибати “Рӯзи дониш” ва саршавии соли нави хониши 2022-2023 ба саҳми падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон расониданд.

Ҳамин тавр чорабинии Рӯзи дониш дар 136 муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Панҷакент хело хотирмон баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *