Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Ҳизбиён – ғамхори эҳтиёҷмандон

         Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Хидматрасонӣ дар хонаи  раёсати ҳифзи иҷтимоӣ аз  ташкилотҳои фаъоли ибтидоии ҳизбии  Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Панҷакент маҳсуб шуда, 32 нафар кормандони ин ниҳоди хидматрасонии иҷтимоиро муттаҳид менамояд.

          Тавре дар ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  Дилором Шарифова зикр шуд, аъзоёни ҳизб вазифаи касбиашонро, ки расонидани хидмати иҷтимоӣ ба шахсони мӯҳтоҷу танҳо аст, содиқона иҷро намуда,баробари ин дар фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ , чорабиниҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъолона дошта, вазифаҳои оинномавиашонро бо камоли майл ба ҷо меоранд.

          Иштирокчиёни ҷаласа ба фаъолтияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ баҳои қаноатбахш дода, Дилором Шарифоваро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб намуда, нақшаи фаъолияташонро дар нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ карданд.

          Дар ин рӯз ҳамчунин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳифзи иҷтимоӣ маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ баргузор шуда, масъалаҳои рӯзнома баррасӣ шуда, Амирой Мирзоева раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва вакил ба конфронси ҳисоботӣ- интихоботии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб интихоб карда шуд.

           Дар ин ҷаласаҳо мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Мавлуда Тоҷиева, Мастона Муродзода ва дигар кормандони масъули Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб иштирок намуда, сухан гуфтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *