Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Суғдиён” аз ниҳодҳои ибтидоии фаъол дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент маҳсуб мешавад. Аксари кормандони бемористон ба аъзогии ҳизб шомил шуда, ташкилоти ибтидоии ҳизб дар роҳандозии кори ҳизбӣ, аз ҷумла хонишҳои сиёсӣ, баргузор намудани чорабиниҳои гуногун,супоридани ҳисоботҳо фаъол аст.
Дар ин бора дар ҳисоботи муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Барно Иброҳимова дар маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ муфассал сухан рафт ва дар нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли равон, ки ҳизбиён тасдиқ намуданд, боз корҳои зиёде пешбинӣ шудааст.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ва дигар кормандони масъули ташкилоти шаҳрии ҳизб иштирок намуда, идомаи иқдомҳои шоистаи ҳизбиёнро дар давраи минбаъда, такмили корҳои тарғиботиро дар байни ҳизбиён ва аҳолии маҳал зарур шумориданд.
Иштирокчиёни маҷлис Ҳикматулло Шарифовро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ба конфронси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти шаҳрии ҳизб вакил интихоб намуданд.
Дар интиҳои ҷаласа ба бисту се нафар аъзоёни нави ташкилоти ибтидоӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Дар ин рӯз ҳамчунин ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии бахши шаҳрии “Ориёнбонк” ба маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ ҷамъ омада, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.