Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ Андеша:

 Оре, эътибор, шаъну шараф, обрӯву нуфузро танҳо ва танҳо барои аз таҳти дил хизмат кардан ба мардум ба даст овардан мумкин аст, ки ин гуфтаҳо шиори ҳамешагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. 29-сол бо халқ ғамшарику шодишарик будани ҲХДТ бо барномаи ” Барои пешрафт ва зандагии шоистаи мардум” тасодуф нест, зеро дар давоми 29-соли таъсиси худ орзуву ормонмонҳои чандинсолаи халқи тоҷикро баҳри фардои офтобии Тоҷикистони азиз бароварда карда , роҳи созандагиву бунёдкориҳои худро ба насли наврас мерос гузошта истодааст. Дар муддати хело ҳам кӯтоҳ ин ҳизби ваҳдатсарову сулҳофар бо роҳбарии Раиси муаззами худ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки халқи пароканда гаштаро сарҷамъ намуда, гурезаҳои солҳои ҷангӣ шаҳрвандиро ба ватани бобоии худ баргардонад . Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мардум буда, пайваста дар таҳкими пояҳои ваҳдати тозаистиқлол нақши бориз гузошта, баҳри расидан ба қуллаи муроди ҳар як шаҳванди Тоҷикистон хизмат мекунад. Дар андешаи мо ба ғайр аз хидмат ба мардум чизе нест ! Шириншоҳ Нуруллоев – Роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *