Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ – рисолати далат ва ҳар шаҳрванд

Дар солҳои истиқлоли кишвар ҳифз ва таҳқиқи мероси таърихӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ, дар сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосаро касб намуд. Далели боризи он шаҳраки бостонии Саразм аст, ки бо дастгирию пуштибонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ворид шуда, атрофаш панҷарабандӣ ва болои панҷ мавзеи ҳафриёт айвонҳои бузург сохта шуданд. Ин таҷриба аз ҷониби марказҳои маъруфи бостоншиносии ҷаҳон, ки ин ҷо ҳафриёт гузаронидаанд, баҳои баландро сазовор шуд. Ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи ҷашни 5500- солагии ин ёдгории беназири бостонӣ низ он ҷо иншооти гуногун бунёд шуданд.

Дар ин бора ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар нишасте, ки дар осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ – кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ баргузор шуд ,сухан рафт.

Оид ба заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, мушкилоти мавҷуда дар ин самт, зарурати такмили қонунгузорӣ сарвари осохона Мақсуд Мизробзода, мудири шӯъбаи осорхона Умар Саидов, масъули ҳифзи ёдгориҳои таърихии шӯъбаи фарҳанг Шабнам Файзуллоева, бостоншинос Шарофиддин Қурбонов ва роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Турдибой Солеҳзода ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки ҳарчанд заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ муҳаё шудааст, ҳоло дар ин самт мушкилот кам нест, на ҳамаи 335 ёдгории таърихии ҳудуди шаҳри Панҷакент ба ҳифозат фаро гирифта шудаанд, бисёр ёдгориҳои арзишманди таърихӣ, аз ҷумла мадрасаи Олим Додхоҳ ба таъмиру таҷдид ниёз доранд. Ҳудуди ёдгориҳои таърихии Мустафотеппа, қабристони Саразм, Наврӯзтеппа, Тиллотеппа чун заминҳои кишоварзӣ истифода мешаванд.

Дар нишаст пешниҳод шуд, ки дар Қонун “ Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои меросӣ таърихию фарҳангӣ” салоҳиятҳои нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бештар ва хулосаи он барои сохтмони иншооти гуногун зарур шуморида, дар барномаи таълими фанни таърих дар макотиби миёна барои тадриси ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ соатҳои дарсӣ пешбинӣ карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *