Аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар мавзеъҳои серодами шаҳр оид ба пешгирии хушунати оилавӣ ва иҷтимоӣ варақаҳои тарғиботӣ паҳн намуданд.
Ин чорабинӣ дар доираи аксияи Кумиҷроияи вилоятии ҳизб доир ба пешгирии хушунату зӯроварӣ баргузор шуда, зимни он ба мусоҳибон нуктаҳои асосии Қонун “ Дар бораи пешгирии зӯроварӣ” шарҳ дода, онҳо даъват шуданд, ки нисбат ба ин падида бетараф набошанд, алайҳи он мубориза баранд.
Чунин чорабиниҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ баргузор карда мешаванд.