Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Ҷавонон ба ҳашари ниҳолшинонӣ баромаданд

                    Бо ибтикори  ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ҷавонон ва дигар сокинони деҳаҳои  Зери Ҳисор ва Кулолӣ ба ҳашари ниҳолшинонӣ баромаданд.

          Онҳо дар ду тарафи роҳи нақлиётгарди Панҷакент- Панҷруд, ки аз байни  ин деҳаҳо  мегузарад, даҳҳо бех ниҳоли дарахтони  ороишӣ шинониданд.

           Ҳангоми сӯҳбат бо гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент онҳо иброз намуданд, ки ин корро минбаъд низ идома медиҳанд.

          Зимнан, аз тариқи ин роҳ ҳар сол садҳо нафар ба зиёрати оромгоҳи  одаммушшуаро , устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  ба деҳаи  Панҷруд ва ба саёҳат ба мавзеъҳои кӯҳӣ мераванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *