Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Ҷавонон ҳомиёни ин Ватан

          Имрӯз бо дастури Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дар доираи ҳамоиши умумивилоятии “Мо- ҷавонон- ҳомиёни Ватан” дар қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳр Панҷакент Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд.

          Беш аз шаст нафар хонандагони  синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр бо парчамҳо назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ҷамъ омада, баъдан бо роҳнамоии раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода  ба сӯи қисмҳои ҳарбӣ роҳ пеш гирифтанд.

          Дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат ва Қӯшунҳои сарҳадӣ мактабиён бо шароити хидмати сарбозон, аз ҷумла ошхона, анборҳои хурокворӣ,  майдочаҳои машқи ҳарбӣ, варзишгоҳ, хонаи пазироии волидон, китобхонаҳо шинос шуда, бо сарбозон ва  афсарон сӯҳбат намуданд.

           Ҳангоми боздид онҳо  бо муошияти сарбозон ба қисмҳо ҷудо кардани автомати тамғаи Калашниковро амалан диданд ва худ ба ҷо оварданд.

          Раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода ва афсарони қисми ҳарбӣ дар ҳузури сарбозон ва мактабиён дар бораи саҳму таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, Президент  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тиҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти неруҳои мусаллаҳи мамлакат, махсусиятҳои хидмати сарбозӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, шароити хидмат, техникаю яроқҳои ҳарбӣ сӯҳбат карда, таъкид доштанд, ки хидмати  Ватан ба ҳар ҷавонмард ҳам фарз ва ҳам қарз аст.

          Мактабиён- сарбозони оянда, аз боздиди қисмҳои ҳарбӣ бо тассуроти зиёд баргаштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *