Фалсафи ҳаёт ин аст, ки ҳар як инсон дар оила ба дунё омада, ба воя мерасад. Оре, бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осоишта ва бартараф намудани мушкилиҳо дар ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти он буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зуроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шавад. Оила барои ҳар як шахс сарчашма барои рушди минбаъдаи ӯст. Бинобар ин дар байни ҳамаи чизҳои ҳаёти инсонӣ муҳимтарин ин оила мебошад. Ба вуҷуд омадани давлат низ аз оила оғоз мегардад. Аз ин ҷиҳат аз давраҳои қадим оила барпо намудан аз суннати деринаи иҷтимоист. Объекти асосии оила зану шавҳар ҳастанд. Онҳо баду неки зиндагиро мефаҳманд, пасту баландии ҳаётро бо ҳам тақсим мекунанд, аз буду набуди зиндагӣ сабр мекунанд ва барои зиндагии шоистаи худ пайваста талош меварзанд. Яъне хушбахтии зану шавҳар дар ҳамдигарфаҳмиву эҳтиром аст. Дар тавлиди оила никоҳ асоси он маҳсуб меёбад. Ҳам дини ислом ва ҳам қонунҳои давлат аз қайди никоҳ гузаштанро ҳатмӣ медонанд. Аммо сад афсӯс, ки ҳоло ҳам баъзе аз оилаҳо бе қайди ақди никоҳ оила барпо мекунанд, ки зидди қонуни давлат аст. Қонуни давлат бояд ҳамеша риоя карда шавад, зеро маҳз қонун ҳимоятгари ҳар як инсон аст. Бадтар агар ин гуна оилаҳо пош хӯранд, вақто ба мақомотҳои лозима барои ҳуқуқи фарзандонашон муроҷиат менамоянд, қонун ҳуқуқи онҳо ва фарзандони онҳоро чӣ тавр ҳимоя намояд? Охир онҳо расман аз рӯи қонун аз қайди никоҳ нагузаштаанд. Агар пурсед мегӯянд, ки мо никоҳи мусалмонӣ карда будем. Лекин ин барои барпо намудани оила ва мустаҳкамии он кифоя намекунад. Бояд ҳар як оила, ки асоси давлат аст аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштанаш лозим. Зеро аз оила ҷамъият сар мешавад. Он сарчашмаи муқаддастарини ҳаёт, мактаби ҳаёт ва асоси рушди ҷамъияту давлат аст. Аз ин лиҳоз мо бояд кушиш кунем, ки оилаҳо солим бошанд ва хушбахтона умр ба сар бурда фарзандони аз ҷиҳати руҳи солим, меҳнатдӯст, ватанпарвар, умуман дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ доштаро тарбия намоянд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои хуберо барои ҳимои генофонди миллӣ, оилаи солим, таъмини зиндагии орому осоиштаи мардум эътироф кардаанд. 19 марти соли 2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” қабул гардидааст. Мақсади Қонун ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мебошад. Бибиам мегуфтанд, ки дар оила муаммоҳои гуногуни ҳаёт зиёданд, ин мушкилотҳоро танҳо дар ҳамдигарфаҳмӣ, оромона сӯҳбат кардан, ва ҳурмату эҳтироми ҳамдигар ҳал карда мешавад. Мушоҳида мекунам, ки имрӯзҳо дар оилаҳои ҷавон самимият, муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи ҳамдигар кам андар кам аст. Агар зану шавҳар муносибатҳои хуби оилавиро иҷро намоянд, ин рафтор ба фарзандон фарзандон таъсири худро мегузорад ва агар баръакс ҷангу ҷидол, сарзаниши ҳамдигар, айби туву айби ман гӯён моҷароҳо сар занад фарзандон парешонтахотир, асабӣ ва сустирода ба воя мерасанд, ки ба пошхӯрии оилаҳо этиологияи асосӣ шуда метавонад. Бадбиниҳо аз нифоқ хезад, Пирӯзи аз иттифоқ хезад . Ту ноз куниву ёри ту ноз, Чун ноз ду шуд талоқ хезад.