Рубрики
Асосӣ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Ҳамсафони азиз!

Миллати тоҷик, ки аз умқи таърихи беш аз 5 ҳазорсола об мехӯрад бо фарҳангу тамаддуни қадимаи худ ифтихор дорад. Яке аз василаҳои ифтихори миллат ин забони нобу гуворои тоҷикист, ки мо тавассути он баёни фикр мекунем ва аз осори пурғановати гузаштагонамон огаҳӣ меёбем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун посдорондаи асили забони модарӣ, ки ҳамзамон забони давлатӣ маҳсуб меёбад, дар яке аз суханрониҳои хеш вобаста ба асолат ва фасоҳати забони тоҷикӣ чунин иброз доштаанд: “Ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад. Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.”

Воқеан маҳз ҳамин забони модарист, ки мо шеъри соддаву равони Рӯдакӣ, достони ростони Фирдавсӣ, маслиҳатҳои судманди аломаи бузурги шарқ Сино, пандҳои Саъдиву ғазалҳои ноби Ҳофизи Шерозӣ ва ҳазорҳо дигар соҳибони суханро бо ҳамон асолату ҷавҳараш мехонему аз он баҳра мегирем.

  Барои поку бегазанд нигаҳ доштани забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон маҳсуб меёбад, саҳми Пешвои фарҳансолори миллат, оне, ки аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ бо ифтихор ва самимияти афзун бо ин забон, ки забони шеъру тарона низ унвон гирифтааст, суханронӣ мекунад, хеле калон аст. Таълифи китоби арзишманд “Забони миллат – ҳастии миллат”, гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллӣ, ки забони тоҷикиро ба оламиёни муаррифӣ намуданд, аз таваҷҷуҳу муҳаббати самимии Сарвари давлат нисбати халқу забони миллат аст. Ба шарофати сиёсат дурбинонаи Роҳбари муаззам, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

Арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ аз ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ маҳсуб ёфта, дар ин ҷода корҳои неку муассир андешида мешавад.  Боиси хушҳолии зиёд аст, ки имрӯз бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтан дар сартосари Тоҷикистони азиз ба ҳукми анъана даромада, мардум, бахусус наврасон ва ҷавонон кӯшиш карда истодаанд, ки меъёрҳои забони адабиро ба инобат гирифта, сухангӯю сухандон бошанд. Дар ин росто баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат рӯи кор омад,  барои забондоншавии насли наврас таккони бузург бахшида, итминон дорем, ки озмуни дигари худшиносӣ – “Тоҷикон оинаи таърихи миллат” барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва сатҳи забондонии насли наврасу ҷавон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Бо ҳамин таманниёти нек ҳамсафону ҷонибдорони ҳизбро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як аъзо сарбаландиву хонаободӣ ва ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳамчун забони давлати соҳибистиқлоли тоҷикон умри ҷовидон орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *