Рубрики
Uncategorized

Паём- раҳнамои рушди Тоҷикистон

Дар толори Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр , фаъолони ҲХДТ барои шунидани шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷамъ омаданд.

          Муовини якуми раиси шаҳр Муҳаммадсодир Сафарзода дар ифтитоҳи ҷамъомад аз нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати  тавзеҳи мӯҳтавои ин ҳуҷҷати раҳнамои рушди мамлакат нақл намуд.

          Роҳбари гурӯҳи тарғиботӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, аъзоёни гурӯҳ, устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илми филология Нуралӣ Нуров, Боҳирҷон Раҷабов ва директори китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов  ба ҳозирин мӯҳтавои Паёми Сарвари давлатро шарҳ дода, аз вазифаҳое ёд карданд, ки ҷиҳати иҷрои он бояд сохторҳои давлатӣ , корхонаю муассисаҳо, аҳли ҷомеа  ба ҷо оранд.

          Имрӯз аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ   ба сокинони ҷамоати деҳоти Саразм ва устодону донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории шаҳр низ мӯҳтавои Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳу тафсир намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *