Рубрики
Асосӣ

ПАЁМ – РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Дар  соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Ин таҷриба дар кишвари мо шурӯъ аз соли 2000-ум оғоз ёфт. Зеро тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд,  Ҳукумати кишвар аз замони соҳибистиқлолиаш то соли 2000-ум танҳо барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ кӯшиш варзид. Минбаъд Тоҷикистон аз давлатсозӣ ба давлатдорӣ шурӯъ намуд. Ин нуктаҳоро имрӯз сармуҳаррири рӯзномаи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб ба кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баён намуд. Мавсуф оид ба нуктаҳои асосии Пешвои муаззами миллат сухан намуда иброз намуд, ки дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд. Аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид. Ҳамзамон бо ин, дар замони соҳибистиқлолӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амалӣ гардонида шуд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид. Ин рақамҳо бозгӯи онро дорад, ки дар сиёсати давлатии Президенти кишвар қадр ва манзалати инсон мақоми шоистаро дошта, беҳтарин хислати роҳбари давлат берун кардани кинаву кудурат ва назари хушбинона доштан ба ояндаи кишвар аст. 

Сипас Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба сухан баромада иброз намуд, ки дар Паёми имсолаи хеш, Роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои ниҳоят муҳиму ояндасозро баҳри боз ҳам тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ муайян намуда, изҳор доштанд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои додашуда якояки моро ба амалишавии ҳадафи олии Ҳукумат – ноил гардидан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакт наздик намуда, обрӯю нуфузи давлати биҳиштосои моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд мебардорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *