Бо мақсади ба мардум расонидани шарҳу тавзеҳ ва муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Мирзоанвар Халифаев, Иддизода Файзалӣ ва муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода вохурӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳал ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.
Дар баромади Дилрабо Мансурӣ зикр шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард. Ин ғамхории давлат ва Ҳукумат пеш азҳама ба хотири таъмини зиндагии шоиста ба мардум равона гардида, бо мақсади боз ҳам бештар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, коркарди ниҳоии маҳсулоти хоми ватанӣ ва бештар содир намудани онҳо ба хориҷи кишвар равона гардидааст. Сарвари давлат барои боз ҳам баланд бардоштани вазъи соҳа, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди саноат эълон намуданд, ки гумон мекунам барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии истиқлоли давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мирзоанвар Ахмедов зимни баромад қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ корҳои бузургу шоистаро анҷом дод. Ба мардум тақсим карда додани 75 ҳазор гектар заминҳои обӣ бо мақсади самаранок истифода бурдани замин ва таъмини зиндагӣ худ гувоҳи таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати ё ҷиҳати дастгириву пешрафти бахшҳои мухталифи соҳа як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намуд.
Дар баромади Иддизода Файзалӣ таъкид шуд, ки дар бист соли охир рушди иқтисодиёт ба ҳисоби миёна ҳамасола дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.
Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханронӣ асосан аз баланд гардидани нақш ва мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, равобити ҳасана бо давлатҳои хориҷӣ, омодакунии мутахассисони касбӣ дар хориҷи кишвар ҳарф зада зикр намуд, ки ҳамасолаи дар муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ зиёда аз 5 ҳазор ҷавонони мо таҳсили илм мекунанд. Вазифаи мо – аҳли зиё он аст, ки барои мутахассисон шароит муҳайё кунем ва дар зеҳну тафаккури онҳо андешаи Ватани худро обод карданро ҷо намоем.
Дар фуровари чорабинӣ муовини раиси ноҳия барои сӯҳбату озоду шаффоф ба меҳмонони изҳори сипос намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки нуктаҳои Паёмро дар маҳаллаҳо ба аҳолӣ фаҳмонанд.