Рубрики
Асосӣ

Пешвои маҳбуби миллат

Устодон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо чорабинии бошукӯҳ таҷлил намуданд.

Дар чорабиние, ки ба муносибати Рӯзи Президент таҷлил гардид муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурова, мудири шуъбаи омори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов, устодон ва донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд. Дар сухани ифтитоҳии хеш директори коллеҷи омӯзгории МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Кенҷазода Манучеҳра Солеҳ иштирокдорони чорабиниро хайрамақдам намуда оид ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуд.

Зимни суханронии хеш муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурова иброз намуд, ки ҷаҳду талошҳои бузургу нотакрори Пешвои миллат тӯли 30 соли сарварӣ баҳри ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ буд, ки имрӯз Ватани маҳбуби моро ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва рушдёбанда ва аз ҷиҳати амн бехатар мешиносанду арҷ мегузоранд.

Сипас мудри шуъбаи омори КИ ҲХДТ Фаррух Зоҳидов ба сухан баромада қайд намуд, ки дар тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон пешравиву муваффақиятҳои назаррас равшан ба назар мерасад, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсияти бузургу нотакрори таърихӣ, донандаи қалбу набзи ҷомеа, роҳбари қавлу амал ҳастанд, ки хурду бузурги кишвар бо тамоми ҳастӣ самимонаву содиқона дӯст медоранд.

Дар фарҷоми чорабини ба фаъолони ҲХДТ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сипосномаҳо супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *