Рубрики
Uncategorized

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Ба ифтихори солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “”Пешвои миллат – поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд Исоев Эҳсон мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Манонова Заррина,  доктори илмҳои иқтисод Абдумавлон Азимов, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионии  “Сипари сулҳ”  Ахмедов Фахриддин  ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Эҳсон Исоев оғоз гардид. Мавсуф оид ба роҳи тайкардаи Артиши миллии кишвар дар фосилаи 28 соли арзи ҳастӣ карданаш суханронӣ намуда, баён дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро аз сифр оғоз намуда, имрӯз ба як ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст.

Абдумавлон Азимов аз талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҷиҳати расидан ба зиндагии шоиста ҳарф зада, қайд намуд, ки амну осиштагии давлат ба шарофати таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат, нигоҳи некбинонаашон ба рушди Артиши миллӣ ба даст омад. Мавсуф ҳамзамон аз бандҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, паёмро роҳнамои зиндагии ҳар як шаҳрванд унвон кард.

Заррина Манонова аз таҷрибаи зиндагии худ мисол оварда хотирнишон кард, ки фарзандаш бо амри дил, садоқат ба Ватану ватандорӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафта, имрӯз онро сарбаландона иҷро мекунанд. Чунин ҷавонони бедордилу ифтихори миллии баланд дошта имрӯз дар ҷомеа хеле бисёранд.

Дар интиҳои мизи мудаввар аз ҷониби ҷавонон изҳор шуд, ки онҳо омодаанд дар баробари таҳсили илм кардан ба дифои марзу бум бархезанд.

Гулчеҳра Аҳророва аз номи Раёсати донишкада кулли иштирокдорони чорабиниро хайрмақдам гуфта, ба  иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионии “Сипари сулҳ” тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *