Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд бо ҷалби беш аз 50 нафар аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияи тарғиботии вилоятӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон” дар кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар доираи он зиёда аз 300 адад маводҳои тарғиботӣ миёни ҷавонону сокинон тақсим карда шуда, таъкид гардид, ки яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ин таваҷҷӯҳи бевосита ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар мебошад, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пеш гирифт. Ҳанӯз 13 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, санадҳои аввалин дар роҳи ташаккул ва инкишофёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» – ро қабул намуд.Ин бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва пойдории ҷомеаи демократву ҳуқуқбунёд ташаккул ва инкишофёбии сиёсати ҷавононро яке аз самтҳо ва ҳадафҳои асосӣ фаъолият меҳисобад.Боиси зикр аст, ки чунин аксияи вилоятии мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ гардида истодааст.