Рубрики
Uncategorized

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ

Дар асоси нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҳайати гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроия ин навбат бо сокинони деҳаҳои Ободӣ ва Курушкат дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳ надодани наврасон ба гирифтани таълимоти ғайрирасмӣ вохӯрӣ гузаронданд.

Тарғиботчиён дар вохӯрӣ дар асоси талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” иброз намуданд, ки волидайн ба тарбияи фарзандон, донишомӯзии онҳо диққати махсус диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *