Рубрики
Uncategorized

РАИСИ МАҲАЛЛА МУЖДАИ НЕК ОВАРД

ПАНҶАКЕНТ Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва раиси маҳаллаи Қайнар  Ҷӯрабек Маҳмудҷонов бо хабари хуш ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент омад.

          Ӯ  яке аз нахустинҳо шуда имсол  сокинони маҳалларо  ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Сухани халқ”, “ Фарвардин”  обуна намуд.

         -Тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб, хидматҳои мондагори Пешвои миллат ва раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолони ҳизб, сокинони маҳалларо водор месозад, ки ҳар сол обуна ба нашрияҳои ҳизбиро дар шаҳр ва байни маҳаллаҳо нахустин шуда, ташкил намоем,- мегӯяд  раиси маҳалла Ҷӯрабек Маҳмудҷонов.

         Имрӯз ҳамчунин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи Зардолузор Муталиб Қурбонов низ  аз иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ мужда расонд.

          Маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *