Рубрики
Мақола

РАҲНАМО БАРОИ ЭЪМОРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Ифтихормандам, ки имсол бори нахуст ба мулоқоти анъанавии Пешвои миллат бо ҷавонони кишвар даъват шудам ва андешаю мулоҳиза, пешниҳодҳо ва насиҳатҳои падаронаи ин фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро шунидаму баҳра бурдам.

Дар муқаддимаи суханронии худ Пешвои миллат аз Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳанӯз 17 марти соли 1994 баргузор шуда буд, ёд карданд. Таваҷҷӯҳ намоед: соле, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нашуда буд ва Тоҷикистон дар варта қарор дошт. Ба рағми ҳамаи ин Пешвои миллат дурбинона рӯ ба ҷавонон оварданд, ба нерӯи онҳо такя карданд. “Зеро мо хуб дарк мекардем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад”- ҳамин тавр шарҳ доданд иқдоми баргузории Анҷумани Иттифоқи ҷавонон ва нахустин мулоқоташонро бо ҷавонон Пешвои миллат. Моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

Аз ин ба баъд кор бо ҷавонон, тарбия ва ба роҳи дурусту рост, таҳсилу маърифатандӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар меҳвари сиёсати Давлати Тоҷикистон қарор гирифт ва самараи ин сиёсатро мо имрӯз дар ҳама соҳаҳо мебинем. Дар суханронии Пешвои миллат мисолҳои зиёде оварда шуд, ки дурустии сиёсати ҷавононро дар мамлакат собит месозад.

Аз ҷумла, зикр шуд, ки тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид синну соли миёнаи аҳолии кишвари мо 22,5 солро ташкил медиҳад ва ҳоло зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад. Яъне, таваҷҷӯҳ ба таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозои имрӯз ва ояндаи Тоҷикистон аст.

Таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои миллат ба ин қишри фаъол ва ояндасози мамлакат, дар қабули қонун “ Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”,ташкили даҳҳо дониишгоҳу донишкадаҳо, квотаи президентӣ, ба беҳтарин макотиби олии хориҷи мамлакат сафарбар намудани ҷавонони болаёқат, таъсиси литсею мактабҳои президентӣ, идрорпулиҳои перезидентӣ, роҳандозии озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фурӯғи маърифат”,”Тоҷикистон- Ватани азизи ман” ва бисёр тадбирҳои дигар ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон ифода меёбад. Сӯҳбати самимона ва ғамхоронаи Пешвои миллат бо ҷавонон худ делели дигари ин таваҷҷӯҳ аст.

…То оғоз ва баъди анҷоми мулоқот бо даҳҳо нафар ҳамсолонам аз минтақаҳои гугогуни мамлакат ошно ва ҳамсӯҳбат шудам. Суханони падаронаи Пешвои миллатро ҳар нафари онҳо чун панду насиҳат ва таҳрикбахши кору пайкор дар роҳи эъмори ояндаи дурахшони Тоҷикистон пазируфтаанд.

Мавлуда Тоҷиева,

мудири шӯъбаи кор бо занони

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,

иштирокчии мулоқоти Пешвои миллат бо ҷавонон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *