Рубрики
Асосӣ

Раҷаббой Аҳмадзода бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд

18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Мавриди зикр аст, ки Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода барои дастовардҳои баланди истеҳсолию фаъолияти назаррас ва хидматҳои арзанда аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Дар вазъияти тантанавӣ унвонро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раҷаббой Аҳмадзода супориданд.

Кулли кормандон ва аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои сазовор шудан ба унвони олии Давлату Ҳукумат Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро самимонаву сидқидилона табрик намуда, барои фаъолияти минбаъдаи созандагиву бунёдкориашон комёбиву муваффақиятҳои беназир таманно доранд.

Умедворем, ки унвонҳои дигари садоқатмандӣ ва ғамхорӣ ба халқу Давлат насибатон мегардад, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *