Рубрики
Асосӣ

РӮЙ ОВАРДАН БА ҶАВОНОН, РӮЙ ОВАРДАН БА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН

Нимаи дуюми санаи 17 феврал дар маҷлисгоҳи хурди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мулоқоти Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо сарварони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардид.

Нахуст мавсуф барои ҳамкории густурда ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб миннатдории Кумиҷроияи вилоятии ҳизбро ба аҳли иштирокдорон расонида, таъкид дошт, ки устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ чун аъзои фаъол дар пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, то ба мардум расонидани ғояҳои ҳизб нақши бориз доранд. Гузашта аз ин, аксари фаъолони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”- ро маҳз донишҷӯён ташкил дода, онҳо бо баргузории аксияву чорабиниҳо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолро ба ҳамсолон ва аҳли ҷомеа бурда мерасонанд. Саҳми онҳо дар баргузории ҳамоиши ин ташкилоти муқтадир бо номи “Тоҷикистон ба пеш” хеле калон аст.

-Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки фаъолияти ташкилот боз ҳам тақвият ёбад ва ҳар як аъзои ин ташкилот ифтихор аз он кунад, ки шомили ин ниҳоди фардосоз аст. Моро мебояд, ки бештар байни наврасону ҷавонон бошем,  аз мушкиливу дастовардҳои онҳо огоҳ бошем. Бари рафъи камбудиҳо маслиҳатгар ва ҷавонони фаъолу соҳибистедодро дастгирӣ намоем, – таъкид дошт Зуфар Исмоилзода.

Перомуни тақвиятёбии ташкилотии ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мӯъмин Машокир,  мудири шуъбаи кор бо кадрҳои Раёсати маорифи вилоят Набиҷон Раҳмонов, ректори Донишгоҳи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, директори филиали Донишкадаи саёҳӣ ва соҳбикорӣ дар шаҳри Хуҷанд Манучеҳр Садриддинов, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд  Кенҷазода Манучеҳра андешаҳояшонро иброз дошта, қайд карданд, ки ташкили озмунҳо, таъсиси ҷоизаҳои ҳизбӣ ва стипендияҳо ба ҷавонони фаъол, баргузории мусобиқаҳои мухталифи байни аъзо, ташкили маҳфилҳо, шабнишиниҳо шавқ ва завқи ҷавононро ба ин ниҳоди бештар мегардонанд.

Зуфар Исмоилзода дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ зикр дошт, ки Кумиҷроияи вилоятии ҳизб дар доираи фаъолияти худ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагонии ҷавонон, паст кардани сатҳи бекорӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни онҳо ва вайроншавии оилаҳои ҷавон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, дар ин самт чорабиниҳои хуберо рӯи даст гирифтааст. Роҳандозӣ шудани силсилабарномаҳо дар ҳамкорӣ бо телевизиони вилояти Суғд таҳти унвони “Тоҷикон”, “Гулчини маънӣ” ва “Назаре ба оина”, дар сатҳи баланд дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки раисони шаҳру навоҳӣ, гирандагони стипендияи президентӣ, ғолибони олимпиадаву мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардидани ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо номи “Тоҷикистон ба пеш” гувоҳи гуфтаҳои болоиянд.

Роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ сиёсати “Рӯй овардан ба ҷавонон” – ро бо иқдоми бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият ёфтани равобит изҳор доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *