Рубрики
Uncategorized

САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН – БЕҲБУДИИ ЗИНДАГИИ ОИЛА

Гурӯҳҳои тарғиботчиён бо усули хона ба хона ба корҳои тарғиботӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як китъаи замини наздиҳавлигӣ, шинондани зироатҳои кишоварзӣ ва пешгирии бемории сироятӣ дар шаҳру шаҳракҳои Гулистон вусъат бахшида истодаанд. Зимни сӯҳбат бо шаҳрвандон қайд гардид, ки замини назди ҳавлигии худро самаранок аз ҳамаи имкониятҳои мавҷудбуда истифода баранд, то ки таъминоти оила бо маводҳои хӯрока зиёд гардад. Бо ин роҳ сатҳи зиндагии оила боз ҳам рӯ ба беҳбудӣ меоварад. Ҳамзамон, баҳри пешгирии бемории сироятӣ иброз карда шуд, ки ба хотири таъмини амнияти аҳли хонавода талаботҳои гигиенаи шахсиро низ риоя намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *