Аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ва дигар масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Шабакаи барқи ноҳияи Ашт санҷиши навбатӣ гузаронида, нисбати фаъолияти ҳизбӣ, корҳои ташкилӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият ва ҳуҷҷатгузорӣ дидан ба амал оварда шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни санҷиш норасоиҳое ба назар расид, ки нисбати боз ҳам тақвият бахшидани тарзи корбарӣ баъзе маслиҳатҳои муфид ва баҳри рафъи камбудӣ ва норасоиҳои ҷойдошта ёрии методӣ расонида шуд.
Суратгузориш аз рафти санҷиш: