Соли ҷорӣ мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Исматова Дилафрӯз бо мақсади ҷалби занону ҷавонони фаъол ба сафи ҳизб дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Ғӯлакандоз» бо омӯзгорони МТМУ № 5 мулоқот доир намуд.
Мавсуф дар рафти мулоқот дар бораи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуда, оид ба сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, барномаҳои бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушду нумуи кишвар таҳти раҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон ва бонувон ибрози ақида намуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба 8 нафар омӯзгорони МТМУ №5 ба узви ҲХДТ дохил шуда, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.