Пахта боигарии давлат буда, имрӯзҳо мавсими ғунучини он дар хоҷагиҳои деҳқонии кишвар бомаром ҷараён дорад.
Санаи 18 сентябр зиёда аз 350 нафар кормандони ташкилоту сохтору муассисаҳои вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят, Муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод бо мақсади ёрмандӣ ва ҷамъоварии ҳосили фаровони “Пахта 2021” сафар намуда, дар иҷрои нақшаи хоҷагии деҳқонӣ заррае бошад ҳам, саҳми худро гузоштанд. Ҳашарчиён корро аз хоҷагии деҳқонии “Камола”, ки дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Зафаробод мавқеъ дорад, оғоз карданд.
Меҳмононро раиси ноҳияи Зафаробод ва дигар масъулини ноҳия пешвоз гирифтанд. Ин иқдом бо мақсади ёрӣ ба мусоидат намудани барои ҳарчи тезтар чидани “тиллои сафед” роҳандозӣ шудааст.
Инчунин бо роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон кулли кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ дар ҳашари пахтачинӣ саҳм гузоштанд. Пахтаҳои чун гулҳои сафеди шукуфта диққати ҳашарчиёнро ба худ ҷалб намуд ва ҳама бо дили пур аз шодиву сурур ба майдони пахтазор даромаданд. Он рӯз боду ҳаво низ форам буд ва офтоби фасли пойиз нурҳои заррини худро ба сари ҳашарчиён мепошид. Ҳама бо дили пуру хотири ҷамъ бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором чобукона пағаҳои “тиллои сафед”ро ба пешдоманҳои пахтачинӣ меандохтанд. То нимаи рӯз 30 нафар ҳизбиёни Кумиҷроияи вилоятӣ дар чиниши пахта масъулиятнокӣ нишон доданд. Аз обу ҳавои мусоид истифода бурда бо як хушҳолӣ пахта чиданд.
Сулҳияхола 70 сол дорад. Ӯ яке аз занҳои фаъол ва собиқадори ҳизб мебошад. Имрӯз Сулҳияхола низ ба майдони пахта омад. Ӯ худро бетараф гузошта наметавонад ва мехоҳад саҳми худро дар ғунучинӣ пахта гузорад.
“Бояд аз ин рӯзҳои офтоби самаранок истифода бурда пахтаро саривақт чидан лозим аст. Зеро ҳавои тирамоҳ тағйирёбанда аст. Пахта ин боигарии мост. Файзи дастархони мо аз бобаракати ҳамин пахта аст.”
Дар хӯроки нисфирӯзӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда , ба ҳамаи ҳашарчиён изҳори сипос намуд.
Инчунин баҳри болидахотирии ҳашарчиён ҳунармандони вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони ноҳияи Зафаробод бо сурудҳои классикӣ, фолклорӣ ва эстрадӣ табъи ҳозиринро хушҳол карданд.