Дар асоси қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 28-июли соли 2021 таҳти рақами №6 бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати аъзои ҳизб мутобиқ ба талаботи банди 2,11- и барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар асоси истифодаи васеъи технологияи иттилоотию комуникатсионӣ Барномаи “Маҳзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ” таъсис ва роҳандозӣ гардид.
Бо ин мақсад имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд семинари даструдиҳӣ баргузор гардид. Дар семинар Мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоидов Фаррух оид ба системаи Барномаи “Маҳзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ” ба масъулони омори КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо маълумоти мухтасар дод. Ҳамзамон дар семинари мазкур сармутахассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс ҳадафи Барномаи “Маҳзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ” – ро ба иштирокдорони семинари дастурдиҳӣ шарҳу тавзеҳ дод.