Рубрики
Uncategorized

СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ

   Санаи 19.05.2021 тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтиидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр бо масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди шаҳр семинари дастурдиҳӣ баргузор карда шуд. Зимни семинари мазкур аз ҷониби мудири шуъби ташкилии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Ҳоҷиев Фирӯз ба масъулин доир ба пешбурдани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб, муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷатгузории ҳизбиву ороишоти ҳуҷраҳои ҳизбӣ дастурҳои зарурӣ дода шуд.
Ҳамчунин, зимни семинар бо мақсади иҷрои саривақтии дастури Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба гузаронидани амалиёти “Шаҳодтномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” шаҳодатномаи ҳизбиёни ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳр аз нав аз қайд гузаронида шуд. Инчунин иштирокдорони семинар аз утоқи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар МНДСЭ шаҳр дидан намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *