Рубрики
Асосӣ

Силсиланамоиши телевизионии “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров”

 Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамкори бо  идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд силсиланамоиш таҳти унвони “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон  Ғафуров –китоби ваҳдат, худшиносӣ, худогоҳии миллат, китоби ҳикмат ва ҳидоят ба фардои дурахшони тоҷикон: Қироат ва тафсири “Тоҷикон” баргузор гардид.

Дар силсиланамоиши нахуст Раиси КИ  ҲХДТ дар вилояти Суғд, Исмоилзода Зуфар Муртазохон, д.и.т., профессор, ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабидулло ,  н.и.т.,дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, Ҷабборов Иброҳимҷон, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология, Шарифов Шавкат, н.и.т., н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърихи Ватан ва археология, Исомитдинов Ҷӯрабой, донишҷӯи  курси панҷуми  факултети таърих ва ҳуқуқ, ғолиби маҳфил- озмуни ҷумҳуриявии “ Нақши китоби “Тоҷикон”- дар шинохти асолати миллӣ.” Ҳоҷиев Фирӯз , ширкат варзиданд.

Мақсади  силсиланамоишро баранда Исмоилзода Зуфар Муртазохон чунин тавзеҳ намуд: Бояд таъкид намуд, ки “Тоҷикон” китоби сирф академӣ, илмӣ буда, баъзе нуқтаҳои онро на  ҳама  ба таври бояду шояд мефаҳманд ва дарк менамоянд. КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд чунин тасмим ва иқдом гирифтааст, ки силсилаи намоишҳоро бахшида ба қироат ва тафсири “Тоҷикон” ташкил намояд. Мақсади силсиланамоиши мо аз он иборат аст, ки бо иштироки мутахассисон, муаррихон, ховаршиносон, забоншиносон мавзӯъҳо, нуктаҳои душвори ин асарро ба мардум ба таври оддӣ шарҳу эзоҳ диҳем.

Дар идомаи сухани хеш Исмоилзода Зуфар Муртазохон  дар бораи иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси нашри китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва тӯҳфа кардани он ба ҳар як оилаи сокинони Тоҷикистон аз номи Президенти мамлакат ва ҷараёни ин маърака сухан намуда зикр намуд, ки ин китоб имрӯз дастраси аксари мардуми кишвар шудааст. Бояд таъкид намуд, ки “Тоҷикон” китоби сирф академӣ, илмӣ буда, баъзе нуқтаҳои онро на  ҳама  ба таври бояду шояд мефаҳманд ва дарк менамоянд.

Сипас ба саволи донистани таърих, аз ҷумла асари аллома Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ, таърихдонӣ ва устувории мавқеъ ва мақоми ҳар як узви ҷомеа чӣ нақш бозида метавонад? дотсент, мудири кафедраи таърихи Ватан ва археология Исомитдинов Ҷӯрабек посухи мушаххас дод.

Номзади илмҳои  таърих, дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҷабборов Иброҳимҷон оид ба саҳми муаррихони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сухан намуд.

Донишҷӯи  курси панҷуми  факултети таърих ва ҳуқуқ, ғолиби маҳфил- озмуни ҷумҳуриявии “ Нақши китоби “Тоҷикон”- дар шинохти асолати миллӣ.” Фарҳод Ҳоҷиев  таассуроти худро доир ба ин озмун – маҳфил ва аҳамияти он ба тамошобинон нақл намуд.

Дар фарҷоми силсиланамоиш ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло оид ба сарчашма ва заминаҳои таълифи китоби “Тоҷикон” шарҳу эзоҳ дод.

Хотиррасон мекунем, ки силсиланамоиш таҳти унвони “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон  Ғафуров –китоби ваҳдат, худшиносӣ, худогоҳии миллат, китоби ҳикмат ва ҳидоят ба фардои дурахшони тоҷикон: Қироат ва тафсири “Тоҷикон” идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *