Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: СИТОДИ “ОБУНА 2022 “ АМАЛ МЕКУНАД

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо мақсади тарғибу ташвиқи нашрияҳои ҳизбӣ ва ташкили обуна ба онҳо барои соли 2022 тадбирҳои амалӣ меандешад. Ба ин хотир дар ҳайати кормандони масъули Кумитаи иҷроия ва раисони кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ситоди “Обуна-2022” ташкил шуда, аъзоёни он ҳамарӯза бо ҳизбиён кор мебаранд. Аз ҷумла, муовини сардори ситоди обуна, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроия Бурсибой Лутфуллоев дар шӯрои шӯъбаи маориф, ки бо иштироки сарварони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ доир шуд, сухан карда, аз ҳизбиёни соҳа, ки беш аз се ҳазор нафарро ташкил мекунанд, даъват намуд, ки ба нашрияҳои ҳизбӣ- “Минбари халқ”, “ Сухани халқ” ва “Фарвардин” барои соли 2022 обуна шаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *