Рубрики
Асосӣ Мақола

СИЁСАТИ СУЛҲҶЎЁНАИ ТОҶИКИСТОН ҒАЛАБА ХОҲАД КАРД

Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, кулли ҳайати профессорону омўзгорони он, воқеаҳои ҷангии ба миён омадаи санаи 16-17 сентябри соли 2022 байнисарҳадии ду халқи баҳамдўсти тоҷику қирғизро маҳкум менамояд.

Ба миён омадани ҳодисаҳои ҷангӣ, баҳсҳои навбатии марбут ба масъалаҳои сарҳадӣ равшан месозад, ки аз ҷониби Қирғизистон бо таассуф ҳамеша аз дарки ҳақиқати таърихи солҳои тўлонӣ шаҳодатнок менамояд ва намехоҳанд, онро, ки дар саҳифаҳои китобҳои бузурги таърихӣ сабт шудаву ҳатто донишмандону ҷаҳонгардони хориҷӣ эътироф намудаву бар пояи он осори фаровони илмӣ, таърихномаҳо нигоштаанд, қабул намоянд. Ҳамин сарусадо, ки охиран дар муносибат оид ба минтақаҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла дар Ворух ва Чоркўҳ (н. Исфара), Хистеварз ва Овчиқалача (н. Б. Ғафуров), ноҳияи Ҷаббор Расулов собит намуд, ки низоъҳо ҷой доштаанд.

Сабаби асосии ҳодисаҳои рухдода, дар навбати аввал, ҷониби Қирғизистон бидуни ягон асос ва ё санадҳои дар ихтиёрдошта даъвои заминҳои мазкур мекунанд, ё агар ҳам далеле доранд, ишорат ба ҳамон марзбандиҳои маснуъии аввали солҳои 20, асри 20 мекунанд. Таърихан маълум аст, ки ҳанўз соли 1924 ҳангоми тақсимоти ҳудудӣ дар Осиёи Миёна аз ҷониби Ҳукумати Шуравӣ масъалаи мавҷудияти халқи тоҷик мустаҳкам карда шуд.

Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи байналмилалиро дар асоси муқаррароти Конститутсияи кишвар пешбурда истодааст. Тавре аз муқаррароти моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёри байналмилалӣ муайян мекунад.

Ташвиқоти ҷанг манъ аст».

Ҳамин тариқ, меъёрҳои моддаи мазкур самтҳои асосии танзими ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян месозад. Ин сароғоз принсипҳои конститутсионии амалигардии сиёсати хориҷии давлати тоҷикистониён мебошад. Сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна  ҳадафи ба даст овардани ҳамдигарфаҳмӣ, пастшавии мутақобилаи низомӣ, пешгирии ҳамлаи ногаҳонӣ ё низои ғайри муҷозотиро дорад.

Муқаррароти конститутсионӣ эҳтироми соҳибихтиёрӣ  ва соҳибистиқлолии давлатҳои дигар, тасдиқи саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро дар амалисозии сиёсати хориҷии худ бар асоси принсипҳои баробарии соҳибистиқлолии давлатҳо дар назар дорад.

Рушди давлатдории тоҷик ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Давлати тоҷикон дар ҳамаи марҳалаҳои таърихии рушди худ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва маркази яке аз тамаддунҳои башарӣ – тамаддуни ориёӣ эътироф шудааст.

Тавре дар урфият мегӯянд, ҳама гуна низоъ, ҷангҳо ягон оқибати хуш намеорад. Минбаъд он бо ба миён овардани сулҳ, баста шудани созишномаҳои сулҳпарварона, созандакорӣ хотима меёбад.

Имрўз дар ин ҳодисаҳои ба миёномада бояд донист, ки сиёсати сулҳҷўёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб меояд. Зеро, Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷии худ маҳз принсипи асосии ҳуқуқии байналмилалиро асоси фаъолияти хеш медонад. Тоҷикистон аз дахолат кардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо, истифода бурдани қувва ва таҳдиди истифодаи қувва дар мавриди ҳалли масоили байналмилалӣ дар муносибатҳои берунаи хеш худдорӣ менамояд. Танҳо созиши тарафҳо аз рўйи принсипҳои хирадмандӣ, оқилонагию созандакорӣ метавон ба ин нофаҳмиҳои ба миёномада хотима бахшад.

Самадов Б.Т. – аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *