Рубрики
Асосӣ

СПИТАМЕН: Конференсияи XXVII ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен баргузор гардид.

Дар асоси барқияи КИМ ҲХДТ аз 25.05.2022 №12 ва дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 1-июли соли 2022 оиди баргузории конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҳизбии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Конференсияи XXVII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар бинои маҷлисгоҳи МИМҲД-и ноҳия баргузор гардид.

Дар кори конференсия Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нумонзода, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода вакилон, собиқадорон, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифт.

1.Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда.

2.Ҳисоботи комиссияи тафтишотии кумитаи иҷроия аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022

3.Интихоби ҳайати нави кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен

4.Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии кумитаи иҷриоя

5. Интихоби вакилон ба конференсияи XV кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода, дар бораи фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ҳисобот дод.

Дар баромади худ Ойбек Насруллозода қайд намуданд, ки шумораи умумии аъзоёни ҳизб 872-нафар зиёд гашта, ҳизбиёни ноҳия дар амали намудани Барнома ва Оинномаи ҲХДТ тамоми кӯшиш ва қуввваи хешро равона сохтаанд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен ва сохторҳои ҳизб дар ноҳия дар ҳаёти сиёсии ҷомеъ мақоми устувори худро пайдо карда, баҳри мустаҳкам намудани обрӯю эътибори ҲХДТ –дар ноҳия ҳамарӯза талош меварзанд.

Вакилон аз ташкилоти ибтидоии “Куруш” Умедҷон Ҳафизӣ, Раиси ташкилоти ибтидоии “БМН” Ахмедова Юлдуз, муовини ТҶҶ “Созандагони Ватан” Бобоқулова Заррина ба музокира баромада, фаъолияти кумитаи иҷроияро дар давараи ҳисоботӣ хуб арзёби намуданд.

Ҳозирини маърузаи комиссияи тафтишотии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Носиров Иномро дар давраи ҳисоботи гӯш карданд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баромад намуда, фаъолияти кумитаи иҷроияро дар амали намудани Барнома ва Оинномаи ҲХДТ дар давраи ҳисоботи хуб арзёбни намуд.

Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нумонзода зикр намуд, ки ҲХДТ дар эъмори давлати демократӣ дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолияти дастовардҳои миллии он фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон мунтазам талош менамояд.

Инчунин аз руйи масъалаҳои рӯзномаи сеюм ва чоруми рӯзнома вакилон дар ҳайати 31 – нафар аъзоёни кумитаи иҷроия 20 – нафар вакилонро барои иштирок ба Конференсияи XV кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб намуданд

Дар фарҷом ба 5-нафар фаъолони ҳизб Сипосномаҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ба 30- нафар сипосномаҳои кумитаи иҷроияи ноҳияви супорида шуд.

 

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *