Рубрики
Uncategorized

СПИТАМЕН: Маҷлиси ҳисоботи шашмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои шаҳру ноҳияҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 13 июли соли 2021 маҷлиси васеъи кумитаи иҷроияи ҲХДТ оид ба ҷамбасти фаъолияти шашмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Абдуваҳҳобов А, муовини Раиси ноҳия, аъзои кумитаи иҷроия Дилрабо Раҳимӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи марказии Убайдуллозода М, аъзоёни кумитаи иҷроия, вакилон, собиқадорони ҳизб, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд. Ҷаласаро О.Насруллозода Раиси намуд. Дар кори маҷлис се масаъала баррасӣ гардид. Аз руйи масъалаи якуми рузнома оид ба Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2021 дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Анҷумани ҳизб ва конференсияҳои вилоятию ноҳияви Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода баромад намуд. Мавсуф оид ба масъалаи ҷалби аъзо ба сафи ҳизб, фаҳмонида додани мазмун ва муҳтавои нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар байни кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ва дигар самтҳои асосии фаъолияти кумитаи иҷроияи ноҳияви дар давраи ҳисоботӣ баромад намуд. Баъдан аз руйи масаълаи мазкур шахси масуъли ташкилоти ибтидоии Амонатбонк Калонов А, Раиси ташкилоти ибтидоии театр Тоҷибоев Т ва раиси ташкилоти ибтидоии Тағояк Тоҷибоев Б ба музокира баромаданд. Аз руйи масаълаи дуюми рузнома оид ба рафти “Обуна-2022” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” котиби ситоди “Обуна-2022” Муҳитдинова У баромад намуд. Сипас намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Абдуваҳҳобов А ва муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ баромад намуда, фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитаменро хуб арзёби намуданд. Дар фарҷом чун анаънаи неки ҳизбиён ба 15 нафар ҷавонони фаъол дар ваъзи тантанвӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Бо ҳамин кори маҷлис ба итмом расид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *