Рубрики
Асосӣ

СПИТАМЕН “Худ ва дигаронро аз бемории COVID- 19 ҳифз намо!”

АКСИЯ: Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен бо иштироки ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар кӯчаҳои маркази ноҳия Аксияи “Худ ва дигаронро аз сироятии коронавирус ҳифз намо” баргузор гардида, дар кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои серодам ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб ба миқдори 350 адад, буклет ва муроҷиатномаҳо ба таври ройгон тақсим карда шуд.

Аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар ягҷоягӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба шаҳрвандони ноҳия муроҷиат карда шуд, ки оид ба иҷрои ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, инчунин истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар кӯчаву бозор ва марказҳои савдо то ҳадде метавонанд кам гаштугузор намоянд. Ҳамзамон, тавсияҳои пизишконро риоя намуда муҳимтар аз ҳама ваксинаро дар нуқтаҳои тиббии ҳудуди маҳалли зист гирифтан даъват карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *