Рубрики
Асосӣ

СПИТАМЕН: “ХУД ВА ДИГАРОНРО ҲИФЗ НАМО”

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи МИМҲД ноҳияи Спитамен ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен  баҳри бурдани корҳои фаҳмондадиҳи ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус гуруҳи тарғиботчиён дар кӯчаву маҳаллаҳо ва ҷойҳои серодам санаи 7-уми июли соли 2021 корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шуд. Аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Муҳитдинова У, сармутахаасиси шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Бегматова Ирода, котиби Ҷамоати шаҳраки Навкат Турдибоев Ҳасанбой дар маҳаллаҳои Сомониён, Ҳамза, Спитамен корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи доимии ниқобҳои тиббию муҳофизатӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошти байни ҳамдигар гузаронида шуда, муроҷиатномаҳои ҲХДТ ба сокинони ноҳия тақсим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *