Рубрики
Асосӣ

СПИТАМЕН: ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ҶУМУҲРИИ ТОҶИКИСТОН

 Санаи 22- уми ноябри соли 2022 дар асоси нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабнии мазкур муовин- мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен  Муҳитдинова Умедахон ва раиси ташкилоти ҷамъиятии “Сипарони Ватан”      дар ноҳияи Спитамен Умаров Қаюм директори МТМУ №4   Тоҳиров Бекзод ва ҷавонон иштирок доштанд.

   Чорабинии мазкур бо даровардани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикитсон  оғоз гардид. Сипас аз тарафи хонандагони муассиса маъруза, шеърҳо ва сурудҳо  дар бораи   Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш карда шуд. Баъдан Муҳитдинова Умидахон  оид ба аҳамияти таърихии Парчам ва аввалин Парчами тоҷикон  суханрони намуда , аҳли нишастро бо Рузи парчами миллӣ, ки яке аз рамзҳои миллӣ ба ҳисоб меравад табрик намуд. Сипас Умаров Қаюм оид ба  дастовардҳои даврони истиқлол  суханрони намуд. Ба Тоҳиров Бекзод дар вазъи тантанви  аз тарафи Умаров Қаюм нишони сарсинагии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *